Боздошти таъминкунандагони молии ДИИШ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57041-Боздошти_таъминкунандагони_молии_ДИИШ_дар_Русия
Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки як қатор маблағгузорони гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудаанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 01, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Боздошти таъминкунандагони молии ДИИШ дар Русия

Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки як қатор маблағгузорони гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним , сервиси амниятии федероли Русия  рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки ин шаш нафар дар як амалиёти вижа дар панҷ  минтақа аз ин кишвар боздошт шудаанд .
Дар ин баёния омадааст : нерӯҳои амниятии Русия барои муқобила бо як шабакаи ғайриқонунӣ, ки барои ДИИШ  пули нақд  ҷамъоварӣ мекард ворид амал шуданд ва ин афродро боздошт карданд .
Бар асоси иттилооти сервиси амнияти федероли Русия , ин афрод ки дорои  картҳои эътибории банкҳои русӣ буданд ҳаддиақал 500 ҳазор рубл барои кӯмак ба ДИИШ  ҷамъоварӣ карда  буданд .
Таҳқиқот барои шиносоии ҳамдастони эҳтимолии ин гурӯҳи террористӣ оғоз шудааст .
Маъмурони амниятии Русия дар солиҳои ахир  даҳҳо узву ҳаводори ДИИШ-ро боздошт карда ё ба ҳалокат  расондаанд, ки бархе аз онҳо бо саркардаи террористҳо дар Ироқу Сурия  иртибот мустақим доштанд ва аз онҳо барои иҷрои  ҳамалоти террористӣ дар Русия  дастур мегирифтанд .