Тавҳини дубораи нашрияи Charlie Hebdo ба соҳати муқаддаси Паёмбари акрам (с)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57056-Тавҳини_дубораи_нашрияи_charlie_hebdo_ба_соҳати_муқаддаси_Паёмбари_акрам_(с)
Нашрияи франсавии Charlie Hebdo рӯзи сешанбе дар як густохии ҷадид бори дигар карикатураҳои ҷанҷолии тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с)-ро бознашр кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2020 04:52 Asia/Dushanbe
  • Тавҳини дубораи нашрияи  Charlie Hebdo ба соҳати муқаддаси Паёмбари акрам (с)

Нашрияи франсавии Charlie Hebdo рӯзи сешанбе дар як густохии ҷадид бори дигар карикатураҳои ҷанҷолии тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с)-ро бознашр кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, карикатураҳое, ки ин нашрия рӯзи сешанбе онҳоро дубора мунташир кард, нахустин бор соли 2005 дар як рӯзномаи даниягӣ мунташир шуданд.

Карикатураҳо ва тасвирҳои тавҳиномези нашрияи Чарли Ҳебдо борҳо ҷанҷолофарин шудаанд.

Нашрияи франсавии Чарли Ҳебдо дар солҳои ахир борҳо иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с) кардааст.

Пеш аз ин ва дар соли 2015 иқдоми тавҳиномези нашрияи франсавии Чарли Ҳебдо алайҳи Паёмбари гиромии ислом (с) мавҷи хашм ва нафратро дар миёни мусулмонони ҷаҳон барангехт.

Франсия ин гуна ҳаттокиҳоро озодии баён медонад.

Дар солҳои ахир густариши падидаи исломҳаросӣ ва иқдомоти исломситезона дар кишварҳои ғарбӣ, муҷиби дар тангно қарор гирифтани ҷомеаи мусулмонон шудааст.