Сентябр 02, 2020 10:00 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти занони афғон: номи модар дар шиносномаи навзод сабт мешавад

Бо тасдиқи Кумитаи ҳуқуқи Афғонистон, аз ин пас номи модар дар шиносномаҳои мардуми Афғонистон сабт хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , нашрияи иттилооти рӯзи чопи Кобул навишт : раиси идораи миллии омору иттилооти Афғонистон Аҳмад Ҷовид Расулӣ гуфта аст, ки дар посух ба дархости фаъолони зан барои ворид кардани номи модар дар гувоҳии тобеъияту шиноснома , бархе маводи қонуни сабти аҳволи нуфуси ин кишвар ислоҳ мешавад .
Пеш аз ин шуморе аз фаъолони зан дар Афғонистон бо роҳандозии пӯиш ( кампин ) «#номам_куҷост? », хостори дарҷи номи модар дар шиноснома фарзандон шуда буданд .
Ин кампин, ки панҷи соли пеш роҳандозӣ шуда буд июли имсол ба маҷлиси намояндагон Афғонистон кашида шуд ва намояндагони порлумон низ эълом карданд барои эҳтиром гузоштан ба хости занони кишвар ва барои эҳёии ҳувияти онҳо мавзӯро баррасӣ мекунанд .