Маросими селфи бо мурдагон дар яке аз ҷазираҳои Индонезия +  АКС
(last modified Wed, 02 Sep 2020 13:05:22 GMT )
Сентябр 02, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Маросими селфи бо мурдагон дар яке аз ҷазираҳои Индонезия +  АКС

Аҳолии яке аз ҷазоири дурафтодаи Индонезия барои саодату саломатии худ, бо мурдагонашон селфи мегиранд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Дейли - стар”, аъзои қабилае дурафтода дар яке аз ҷазоири Индонезия, бастагони мумиёишудаи худро аз гӯр хориҷ ва онҳоро ороста мекунанду дар маросиме бостонӣ барои эҳтиром ба рӯҳашон, бо онҳо селфи мегиранд.

Image Caption

 

Ин қабила, ки дар ҷазираи Сулавесии Индонезия сокин ҳастанд, ҳар се сол якбор дар маросиме мазҳабӣ бо унвони “Монина” ақвоми мумиёишудаи худро аз гӯр хориҷ мекунанду онҳоро мешӯянд ва дар офтоб хушк мекунанд, сипас либоси зебову тамиз ба тани онҳо мекунанду аз онҳо мехоҳанд барояшон орзӯи саодату саломатӣ кунанд.

Image Caption

 

Аъзои ин қабила муътақиданд, ризоияти рафтагони онҳо барояшон хушшонсӣ ба армуғон меоварад.

Гуфта мешавад, аъзои ин қабила ташрифоти вижае барои мурдагони худ доранд ва маъмулан онҳоро бо сиркаву барги чой мумиёӣ мекунанд.

Image Caption

 

 

Барчасп