Озмоиши муваффақиятомези ваксинаи русии корона рӯйи афроди 60 сол ба боло
(last modified Wed, 02 Sep 2020 14:35:58 GMT )
Сентябр 02, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши муваффақиятомези ваксинаи русии корона рӯйи афроди 60 сол ба боло

Кормандони 70 то 80 солаи Маркази таҳқиқоти миллии эпидемиологӣ ва микробиологии Русия, мавсум ба Гамалия, ки бо ваксинаи тавлидии ин марказ алайҳи бемории Ковид – 19 ваксина шудаанд, ҳолашон хуб аст.

Ба гузориши “Спутник”, Александр Гинтсбург, мудири муассисаи илмии Гамалия гуфтааст, дастикам ҳудуди 10 то 15 нафар ваксина шудаанд ва ҳамаи онҳо бонишот, солим ва фаъол ҳастанд, суханронии илмӣ мекунанд, беморонро мудирият мекунанд ва варзиш мепардозанду ваксиносюн ба ҳеч ваҷҳ бар онҳо таъсири манфӣ нагузоштааст”.

Гинтсбург ёдоварӣ кард, худи ӯ низ, ки 68 сола аст, чанд моҳи пеш алайҳи вируси корона ваксина шудаву ҳолаш хуб аст.

Мудири Маркази таҳқиқоти миллии эпидемиологӣ ва микробиологии Гамалия ибрози умедворӣ кард, ин ваксина ба зӯдӣ муҷаввизи истифода барои афроди синини болоро дарёфт кунад.

Дар авоили моҳи август Вазорати беҳдошти Русия аввалин ваксинаи корона дар ҷаҳонро, ки ба ҳиммати мутахассисони маркази Гамалия таҳия шуда буд, сабт кард.

Беш аз 20 кишвар то кунун барои хариди як миллиард доза аз ин ваксина, ки “Спутник 5” ном дорад, дархости худро ироа кардаанд.

 Русия тавофуқ кардааст, ки ин ваксинаро дар панҷ кишвар тавлид кунад ва зарфиятҳои мавҷуд низ иҷозаи тавлиди солона 500 миллион доза аз ин ваксинаро медиҳад.