Сентябр 04, 2020 19:07 Asia/Dushanbe
  • Марги андӯҳбори беш аз ҳафт ҳазор нерӯи кадри дармон аз корона  

Созмони Афви Байналмилал эълом кард, беш аз ҳафт ҳазор тан аз коркунони беҳдошт ва дармон дар саросари ҷаҳон ба иллати ибтило ба вируси корона ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Стивен Кокберн, раиси адолати иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Афви Байналмилал афзуд, бо гузашти моҳҳо аз густариши вируси корона, маргумири коркунони беҳдошт ва дармон ба далели ибтило ба ин вирус ҳамчунон дар кишварҳое монанди Мексика, Бразилия ва Амрико бо суръати бисёр болое идома дорад.

Ин мақоми Созмони Афви Байналмилал таъкид кард, ки густариши сареи бемории Ковид -19 дар Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд нишон медиҳад, ки ба иқдоме фаврӣ дар ҳамаи кишварҳо ниёз аст.

Тибқи гузориши Созмони Афви Байналмилал, фақат дар кишвари Мексика ҳазору 320 тан аз коркунони беҳдошт ва дармон ба иллати корона ҷони худро аз даст додаанд.

 

 

Барчасп