Британия саранҷом қарздор буданаш ба Эронро пазируфт
(last modified Sat, 05 Sep 2020 14:34:54 GMT )
Сентябр 05, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • Британия саранҷом қарздор буданаш ба Эронро пазируфт

Давлати Британия дар иқдоми бесобиқа ва пас аз солҳо инкор, нахустин бор эътироф кард, ки ба давлати Эрон қарздор аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавон , вазири дифои Британия Бен Уоллес бо ишора ба қарзи Лондон аз Эрон гуфт, ки кишвараш роҳи қонунии пардохти қарзро меҷӯяд. 
 Британиаи як миллиарду 950 миллион доллар ба Эрон бар сари сифориши танкҳои Чифтин қарздор будааст .
48 сол қаблу пеш аз инқилоби исломӣ , Англия бар асоси як қарордод бо давлати вақти Эрон таааҳуд кард як ҳазору 500 дастгоҳи танк ва худруи зираӣ ба Эрон таҳвил диҳад .
Таҳвили танкҳои низомӣ сифоришшуда пас аз инқилоби исломии Эрон лағв шуду дар пайи он Теҳрон, ки маблағи қарордодро комил ва якҷо пардохт карда буд хостори боз пас гирифтани пули худ шуд, аммо давлати Британия солҳо аз пазируфтани қарздор буданаш худдорӣ кардааст. 
Яке аз мавзӯоти мавриди муноқишаи байни Эрон ва Англия 20 миллион пунд суде аст ки Лондон бояд илова бар асли қарзи худ ба Теҳрон бипардозад .   
Бархе коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, ки Англия бо блок  кардани талаби Эрон дар 48 соли  гузашта  суди фаровоне касб кардааст .