Тазоҳурот алайҳи ниқобпӯшии донишомӯзон дар Италия!
Дар шароите, ки токунун беш аз 35 ҳазор нафар дар Италия бар асари корона ҷони худро аз даст додаанд, ҳудуди ҳазор нафар дар пойтахти ин кишвар дар эътироз ба иҷборӣ шудани истифода аз ниқоб барои донишомӯзон дар мактабҳо тазаҳурот карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна, дар ин таҷаммӯи эътирозӣ гурӯҳҳои зиддиваксина ва тарафдори назарияи тавтеа, шиорҳои монанди " на ба ниқоб ва на ба фосилаи иҷтимоӣ", " озодии шахсӣ дахлнопазир аст ва зинда бод озодӣ" гуфтанд онҳо.
Беш аз ҳашт миллион донишомӯз дар Италия панҷшанбеи гузашта баъд аз моҳҳо ба мадорис бозгаштанд ва ин дар ҳоле аст, ки шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар раванди афзоянда дорад .
Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте дар мавриди вазъияти шуюъи вируси корона дар ин кишвар гуфт : беш аз 274 ҳазор нафар бемор шудаанду 35 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд .