Вокуниши духтари шведӣ ба сӯзондани Қурон дар кишвараш
Вокуниши духтари шведӣ дар эътироз ба беҳурматӣ ба Қурони карим дар кишвараш таваҷҷӯҳи шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз Ал-Олам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасвири духтари шведӣ бознашр шудааст, ки Қуронро мебӯсад ва бо ин иқдом, мухолифонашро бо беҳурматӣ ба ин китоби осмонӣ дар шаҳри "Малмо"-и Шветсияро нишон медиҳад.
Як аккаунти "хориҷиҳои шведӣ" дар Фейсбук ва дигар сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ видеои ин духтарро дар Твиттер ва Фейсбук нашр кард, ки мегӯяд: "Ман шведӣ ҳастам ва бо мусалмонҳои Малмо ибрози ҳамдардӣ мекунам".
Вай афзуд: "Ман ин китобро намешиносам, вале аз назари инсонӣ ҳамдардии худро бо мусалмонон аз нигоҳи инсондӯстӣ ва шафқат иброз медорам. Ман ифтихор мекунам, ки ин китобро бӯсидам ва зидди он коре ҳастам, ки Дания дар кишварам кард."
Ин тасвир дар рӯзномаи "Фрия Тайдер"-и Шветсия ва document.no - и Норвегия ба табъ расидааст ва дар расонаҳои арабӣ васеъ паҳн шудааст.
Тақрибан ду ҳафта қабл як фаъоли ифротгарои зидди динӣ бо номи Дан Парк, ки қаблан барои барангехтани кинаву адоват дар байни миллатҳо маҳкум шуда буд, кӯшиш кард, ки Қуръони Каримро бо амали таҳқиромез бо баҳонаи озодии ҷамъомад ва намоиш сӯзонад.
Полис ва суд ба Дан Парк иҷозат надоданд ва хатари тартиботи ҷамъиятиро таъкид карданд, аммо ӯ ин нақшаи шумро амалӣ кард.
Ин ҳодиса, ки аз ҷониби аъзои ҳизби ростгарои Дания бо номи "Сиёсати қатъӣ" анҷом дода шудааст, аз шоми ҷумъаи 28 август дар минтақаи Розенгорди Шветсия ошӯбҳои густардаи хушунатомезро ба вуҷуд овард.