Русия НАТО-ро ба таври ҷиддӣ ҳушдор медиҳад
Вазири дифои Русия гуфтааст, ки Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) Русияро маҷбур мекунад, ки вокуниш нишон диҳад, гарчанде ки Маскав моил нест, ки ворид ба даргирӣ шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз Ирна, Сергей Шайгу дар ҷамъи хабарнигорон гуфт : Русия алоқаманд ба вуруд ба мусобиқаи таслеҳотӣ нест, аммо маҷбур аст имконоти низомии худро дар посух ба амалиёти ғайридӯстонаи НАТО барӯзрасонӣ кунад .
Вай афзуд : Русия ба НАТО пешниҳод кард, ки шумори размоишҳоро дар давраи шуюи ҳамагирии вируси корона коҳиш диҳад то аз бадтар шудани бештари равобит ҷилавгирӣ кунад, аммо Бруксел бо ин идеяи Маскав бархӯрди манфӣ кард .
Вазири дифои Русия НАТО-ро муттаҳам кард, ки мехоҳад ба руёруӣ бо Русия шабиҳи он чӣ ки дар давраи ҷанги сарди байни ғарбу Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ вуҷуд дошт , бозгардад .
Шайгу гуфт, ки парвозҳои таҷассусии ҳавопаймоҳои НАТО дар муҷовирати марзҳои Русия ба шиддат афзоиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин ба афзоиши теъдоди новҳои хориҷӣ дар дарёи сиёҳ ишора карду бо интиқод аз ҳузури доимии новҳои амрикоӣ дар дарёи сиёҳ афзуд : ин новҳои мо нест ки дар савоҳили Сан- Франсиско тараддуд мекунад балки новҳои онҳо дар дарёи сиёҳ ҳузур мустамар дорад .
Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО ), ки Амрико дар он ҳарфи аслиро мезанад аз соли 2014 бо илҳоқи Қрим ба Русия дар натиҷаи ҳамапурсии умумӣ ва низ ҳаводис дар шарқи Украина тира шуда ва ҳамкории ду тараф мутаваққиф шуда аст .
Ба назари коршиносон , яке аз мавзӯоти калидӣ дар аҳамияти новгони Русия , тавонмандии зердарёиҳои атомӣ аст, ки метавонанд бидуни ҷалби таваҷҷуҳи душман то савоҳили Амрико расида ва аз он ҷо мушакҳои ҳастаӣ бо бурди беш аз 8 ҳазор километр ҳар нуқта аз хоки ин кишварро ҳадаф қарор диҳанд .
Амрико аз ин вазъ бохабар асту ба ҳамин далел мақомҳои амрикоӣ ба музокира бо Русия дар ин арса исрор доранд .