Афзоиши шумори куштаҳои инфиҷор дар ҷанубу шарқи Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i5719-Афзоиши_шумори_куштаҳои_инфиҷор_дар_ҷанубу_шарқи_Туркия
Бар асари инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар як посгоҳи низомӣ, дар ҷанубу шарқи Туркия 17 нафар, аз ҷумла 9 низомии ин кишвар кушта шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 09, 2016 17:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳои инфиҷор дар ҷанубу шарқи Туркия

Бар асари инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар як посгоҳи низомӣ, дар ҷанубу шарқи Туркия 17 нафар, аз ҷумла 9 низомии ин кишвар кушта шуданд.

Ба гузориши имрӯзи хабаргузории "Рейтерс", аз Диёр Боқир, бар асари ин инфиҷор 27 нафар низ захмӣ шуданд, ки 11 нафари онҳоро низомиёни Туркия ташкил медиҳанд.

Ин инфиҷор дар ҳудуди 20 километрии шаҳри Шемдинли, дар устони Ҳаккории наздик ба марзи Ироқ рух дод.