Сентябр 06, 2020 18:11 Asia/Dushanbe
  • Оғози тазоҳуроти 60 рӯзаи саросарии мухолифони Трамп дар Амрико

Гурӯҳи амрикоии «худдорӣ аз Фашизм», 60 рӯз монда то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, тазоҳурот дар 25 шаҳри мухталифи ин кишварро созмондиҳӣ кардааст.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Гурӯҳи амрикоии «худдорӣ аз Фашизм», тазоҳуроти саросариро зидди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар 60 рӯзи оянда, яъне то рӯзи севуми ноябр замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар созмондиҳӣ кардааст.

Муътаризони ин гурӯҳ, рӯзи шанбе бо ҳузур дар хиёбонҳои Менҳетени шаҳри Нию-Йорк ва беш аз 25 шаҳри дигар дар саросари Амрико, тазоҳуроти 60 рӯзаи худро оғоз карданд.

Муътаризон эълом карданд, муборизаи 60 рӯзаро барои барканории Трамп ва Майк Пенс- муовини ӯ аз самташон оғоз кардаем ба ҳамин далел баргузории тазоҳурот ва ҳузури миллионҳо нафарро дар хиёбонҳо созмондиҳӣ мекунем.

Гурӯҳи амрикоии «худдорӣ аз Фашизм» таъкид кард, Трамп дорад худро барои тақаллуб дар интихобот омода мекунад ва ба суръат ба самти эҷоди як Амрикои фашист пеш меравад.

Ҳамзамон, муътаризон дар иёлати Вискансин парчами Амрикоро ба оташ кашиданд.

Тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ, бо вуҷуди мухолифати Трамп камокон идома дорад. Раиси ҷумҳури Амрико, борҳо таҳдид кардааст барои саркуби тазоҳурот неруҳои федералро ба саросари шаҳрҳои Амрико эъзом мекунад.

 

Барчасп