Сентябр 07, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии даҳҳо ҳазор нафарии мухолифони давлат дар Беларус

Даҳҳо ҳазор нафар аз муътаризони зидди давлатӣ дар Беларус бо баргузории роҳпаймоии бузурге дар шаҳрҳои мухталиф хостори канорагирии Александр Лукашенко аз раёсатҷумҳурӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, ин тазоҳурот дар Минск ва дигар шаҳрҳои бузург баргузор шуд ва омори дақиқе аз мизони мушорикаткунандагон мунташир нашудааст, аммо Алес Бялятскӣ- раиси Созмони ҳуқуқи башарии Вясна шумори муътаризонро дар Минск пойтахти Беларус беш аз яксад ҳазор нафар баровард кард.

Даври тозаи эътирозот дар Беларус, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии нуҳуми август оғоз шуд аз назари теъдоди мушорикаткунандагон ва идомаи тазоҳурот, бесобиқа аст.

Масъулони интихоботӣ мегуянд, ки Лукашенко бо касби 80 дарсади овозҳо шашумин бор ба раёсатҷумҳурӣ интихоб шуда, аммо мухолифон эълом кардаанд, ки дар интихобот тақаллуб шудааст.

Бино бар эъломи расонаҳо дар рӯзҳои оғозини эътирозот, ҳудуди 7 ҳазор нафар боздошт шудаанд.

Садҳо донишҷӯ низ рӯзи шанбе дар пойтахти ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд ва хостори озодии донишҷӯёни боздоштӣ шуданд.

Ҳудуди 5 ҳазор зан низ рӯзи шанбе дар тазоҳуроти зидди давлатӣ ширкат карданд, ки боздоште аз ин тазоҳурот гузориш нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мухолифони Лукашенко «шурои ҳамоҳангӣ» ташкил додаанд, ки яке аз аҳдофи он, фароҳам кардани заминаи интиқоли қудрат дар Беларус аст.

Иттиҳодияи Аврупо фишори мақомоти давлатии Беларусро афзоиш дода аммо Русия, Александр Лукашенкоро раиси ҷумҳуре қонунӣ медонад.