Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт танҳо ваксинаи бехатарро таъйид мекунад
Тедрус Одҳонум, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамзамон бо такопӯ ва рақобати ҷаҳонӣ барои сохти ваксинаи корона гуфт, ин созмон танҳо ваксинаеро таъйид мекунад, ки муассир ва бехатар бошад.
Ба гузориши ИРНА, мақоми аршади Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ин созмон ҳеҷ гуна ваксинаеро то қабл аз маълум шудани бехатарӣ ва коромадии он таъйид нахоҳад кард, ҳатто бо вуҷуди ин ки Русия ва Чин истифода аз ваксинаҳои озмоишии худро қабл аз поёни таҳқиқоти комил оғоз кардаанд ва дигар кишварҳо пешниҳоди раванди эътои муҷаввизи истифода аз ваксинаро додаанд.
Одҳонум таъкид кард, ба мардум итминон медиҳем, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ваксинаеро, ки коромад ва бехатар нест, таъйид нахоҳад кард.
Ҳафтаи гузашта Британия эълом кард, дар ҳоли баррасии бознигарӣ дар қавонини ин кишвар аст то ҳар ваксинаи коронаии муассир бидуни ниёз ба муҷаввизи комил мавриди истифода қарор гирад.
Русия аввалин кишвар дар ҷаҳон буд, ки дар август ваксинаи Ковид -19 –и сохти худро баъд аз озмоиш фақат бар рӯйи чанд нафар таъйид кард.
Донишмандони рус то кунун иттилооти марбут ба таҳқиқоти аввалияи худро мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад, ваксинаи тавлидии онҳо бехатар аст ва дар бадан подтан тавлид карда, аммо натоиҷ маҳдуд будааст.
Ваксинаи русии корона мавсум ба “Спутник” рӯйи 40 ҳазор нафар озмоиш ва ба пизишкон ва парасторон пешниҳод шудааст. Духтари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар ваксинаро дарёфт кардаанд.
Таҳқиқоти густурда дар Чин ҳам бо гирдоварии гурӯҳи пурхатар барои озмоиши яке аз ваксинаҳои ин кишвар дар ҳоли анҷом аст.
Дар Амрико Доналд Трамп ваъда дода то қабл аз интихоботи 2020 ваксинаи сохти ин кишвар арза шавад, аммо афкори умумӣ ва бархе мақомоти ин кишвар, аз ҷумла демократҳо дар бораи коромадӣ ва бехатар будани ваксинаи ваъдадодашуда тардид доранд.