Кӯдакони мубтало ба корона чи аломате доранд?
Муҳаққиқони англисӣ дарёфтаанд, ки хастагӣ ва сардард дар кӯдакони мубтало ҷузви шоеътарин нишонаҳои бемории корона аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, муҳаққиқон дарёфтаанд хастагӣ, сардард ва таб ройиҷтарин алоими вируси корона дар кӯдакон аст ва танҳо шумори каме аз кӯдакони мубтало ба КОВИД-19 ба сурфа дучор мешаванд ва ё ҳисси чашидан ё буёии худро аз даст медиҳанд.
Ин гурӯҳи таҳқиқотии англисӣ мегӯяд додаҳои ҷадид нишон медиҳад алоими КОВИД-19 дар кӯдакон дар муқоиса бо бузургсолон мутафовит аст.
Охирин ёфтаҳои ин тим бар асоси озмоиши 16 ҳазор кӯдак аст, ки аз ин миён алоими 198 кӯдак ёфтаҳои тозаеро пеши рӯи муҳаққиқон гузошт.
Дар ҳоле, ки як севуми кӯдаконе, ки натиҷаи озмоиши коронаи онҳо мусбат шуд, ҳеҷ аломате надоштаанд.