Сентябр 09, 2020 13:48 Asia/Dushanbe
  • Иҷтиноби Путин аз сафар ба Ню-Йорк

Сухангӯи Кремл аз лағви сафари Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба Амрико ба далели бесубот будани вазъияти ҳамагирии вируси корона дар шаҳри Ню-Йорк хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории «ТАСС », "  сухангӯи  дафтари раёсати Ҷумҳурии федератсия Русия шаби гузашта дар конфронси матбуотӣ эълом кард : " Владимири Путин  " Раиси Ҷумҳурии ин кишвар , барои ширкат дар нишасти солонаи маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба далели вазъияти нопойдори эпидемия ба Ню-Йорк сафар намекунад ва суханронии вай ба сурати паёми видеоӣ хоҳад буд .
Путин  раёсати ҳайати намояндагии Русия дар ҳафтоду панҷумин нишасти солонаи маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро ба ӯҳда хоҳад дошт .
Сухангӯи  Кремлин ҳамчунин афзуд : Владимир  Путин қасд дорад дар суханронии худ дақиқан рӯи ҳамин чолиш , яъне ҳамагирии вируси корона ва авоқиби манфии он барои ҷаҳониён , мутамарказ шавад, ки дар мавориди бисёре , осебҳои башариятро ташдид кардааст .
Пеш аз ин, гузориш шуда буд, ки раиси Ҷумҳурии Русия дар феҳристи раҳбарони кишварҳое қарор гирифтааст, ки дар нишасти маҷмаи умумии Созмони милал дар 22 сентябр ба унвони ҳафтумин суханрон  сӯҳбат хоҳад кард .

Барчасп