Сентябр 10, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Дифои Лавров аз мавҷудияти Созмони ҳамкории Шанхай

Вазири хориҷаи Русия аз аҳаммият ва афзоиши тавонмандии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи мубориза бо вируси ҳамагири куруно дар сатҳи ҷаҳонӣ, истиқбол кард.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров рӯзи панҷшанбе дар оғози иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Маскав эълом кард, аҳаммияти тавонмандиҳои бузурги ин созмон бавижа дар шароити кунунӣ, ки ниёз ба талошҳои ҷамъӣ ва ҳамкорӣ барои рафъи паёмадҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии вируси ҳамагири Ковид-19 вуҷуд дорад, афзоиш меёбад.

Лавров афзуд, таҷрубаи ғании ҳамкориҳои пурсамар дар арсаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва равобити инсонӣ ва созу корҳои муассир ба Созмони ҳамкории Шанхай имкон медиҳад ба таҳдидҳои мавҷуд посух диҳад.

Тибқи ин гузориш, дар нишасти имрӯз гуфтугӯ ва баррасии масоили минтақаӣ, ҳамкорӣ дар мубориза бо вируси куруно ва аҳдоф ва аввлавиятҳо барои таъмиқ ва тавсеаи ҳамкориҳои сиёсии хориҷӣ дар дастури кори вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай қарор дорад.

Созмони ҳамкории Шанхай, созмони байнидавлатӣ аст, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шудааст.

Ин созмон, 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд. Баъдҳо Ҳинд ва Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.

Дар ҳоли ҳозир Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозир ин созмон ҳастанд.

 

Барчасп