Сентябр 12, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии мустанадсози амрикоӣ дар бораи ҳамалоти 11 сентябр

Мустанадсози демократи амрикоӣ дар солгарди ҳамалоти ёздаҳи сентябр аз чашмпӯшии давлати Амрико аз нақши саудиҳо дар ҳамлаи террористӣ ба бурҷҳои дуқулу дар соли 2001 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Майкел Мур- мустанадсози демократи амрикоӣ бомдоди шанбе (12 сентябр) дар паёме твиттерӣ бо ифшои чашмпӯшии давлати Амрико аз нақши саудӣҳо баъд аз 19 сол аз ҳамлаи террористӣ ба бурҷҳои дуқулуи маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар шаҳри Нию-Йорк навишт: Дар ёздаҳуми сентябри соли 2001 понздаҳ шаҳрванди саудӣ ҳамалот алайҳи Амрикоро анҷом доданд.

Дар ин паёми твиттерӣ омадааст: Агар 15 нафар аз шаҳрвандони Эрон ва ё Чин ин ҳамалотро анҷом дода буданд, давлат ва расонаҳои Амрико то кунун борҳо эълом карда буданд, ки Эрон ва Чин ба Амрико ҳамла кардаанд.

Мур дар идома бо ишора ба ҳамкории саудӣҳо ва давлатҳои Амрико навишт: Баъд аз гузашти 19 сол аз ҳамалоти ёздаҳи сентябр ҳеҷ кас ҳозир нест ба нақши саудиҳо дар ин ҳамалот ишора кунад.

Дар ҳодисаи 11 сентябри 2001, 19 тан аз аъзои гурӯҳи террористии Алқоида, чаҳор ҳавопаймои мусофирбариро рабуданд ва ба аҳдофе дар дохили Амрико ҳамла карданд.

Аз миёни 19 фарди дахил дар ин ҳавопайморабоӣ 15 нафар шаҳрвандони Арабистони саудӣ буданд.

Дар ин ҳодиса 2 ҳавопаймои мусофирбарӣ ба сохтмони бурҷҳои дуқулуи тиҷорати ҷаҳонӣ бархурд карданд, яке аз онҳо ба сохтмони Пентагон дар иёлати Вирҷиния бархурд кард ва ҳавопаймои чаҳорум баъд аз талоши мусофирҳо барои муқобила бо афроди ҳавопайморабо дар Пенсилвания суқут кард.

Наздик ба се ҳазор нафар дар ин ҳодиса ҷон бохтанд.

Давлати Амрико пас аз ин ҳодиса ибтидо ба Афғонистон ва баъд аз он ба Ироқ ҳамла кард.

Барчасп