Лавров: Таҳримҳои Ғарб зидди Русия бепосух нахоҳад монд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57399-Лавров_Таҳримҳои_Ғарб_зидди_Русия_бепосух_нахоҳад_монд
Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бепосух нахоҳад гузошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 13, 2020 07:02 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Таҳримҳои Ғарб зидди Русия бепосух нахоҳад монд

Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бепосух нахоҳад гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Райтерз, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо канали телевизионии “Россия 1” гуфт, Маскав бар асоси асли мутақобил дар умури байналмилал, таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бепосух нахоҳад гузошт.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ҳам рӯзи ҷумъа эълом кард, кишварҳои ғарбӣ бо истифода аз иттилооти ғалат дар мавриди бистари шудани Алексей Навалний, баҳонае барои эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ёфтаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ба хусус Олмон муддаӣ ҳастанд, ки Маскав Алексей Навалний, саркардаи мухолифони давлати Русияро бо гази заҳролади "новичок" масмум кардааст.

Маскав ин иттиҳомро рад кардааст.

Алексей Навалний рӯзи 20 август дар парвози дохилӣ аз Томск ба Маскав дучори беморӣ шуд ва таҳти фишорҳои байналмилалӣ ба бемористоне дар Олмон мунтақил шуд.