Сентябр 13, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • Талафоти сангини низомиёни афғон дар ҳамалоти Толибон

Дар шароите, ки музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар дар ҳоли баргузорӣ аст, 14 низомии афғон дар ҳамалоти Толибон ба вилоятҳои Қундуз, Каписо ва Лугар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Исматуллоҳ Муродӣ, сухангӯи устондории Қундӯз имрӯз эълом кард, афроди Толибон ба посгоҳҳои низомиёни афғон дар шаҳри Қундӯз, маркази ин вилоят ҳамла карданд, ки панҷ низомӣ, кушта ва панҷ низомии дигар захмӣ шуданд.

Сухангӯи пулиси Каписо ҳам гуфт, панҷ нафар аз нерӯҳои пулис аз ҷумла масъули мубориза бо ҷароими ҷиноӣ, фармондеҳи пулиси Тагоб дар ҳамлаи Толибон кушта ва ҳафт пулис захмӣ шуданд.

Ҳамчунин сухангӯи пулиси Лугар эълом кард, чаҳор низомии афғон дар ҳамлаи Толибон кушта шуданд.

Даргириҳои шадид миёни низомиёни афғон ва афроди гурӯҳи Толибон дар ҳоле идома дорад, ки давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар дар ҳоли музокираи сулҳ ҳастанд.

 

Барчасп