Сентябр 13, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи СММ бо Оятуллоҳ Сиистонӣ дар Наҷаф

Намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Ироқ бо Оятуллоҳ Саидалии Сиистонӣ, марҷаъи олиқадри шииёни ин кишвар дар Наҷафи ашраф дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши вебгоҳи ахбори Ал-Ироқ; вебсайти Iraq News; Жанин Ҳеннис Пласшаерт,  Jeanine Hennis Plasschaert намояндаи вижаи дабиркулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ироқ рӯзи якшанбе вориди Наҷафи ашраф шуд ва бо ҳузур дар манзили Оятуллоҳ Сайидалии Сиистонӣ  бо вай перомуни масоили муҳимми Ироқ ба гуфтугӯ пардохт .
Оятуллоҳи Сиистонӣ дар ин  дидор , бо ишора ба лузуми шафофият , адолату мушорикати васеи мардум дар раванди интихоботи Ироқ , баргузории интихоботи зудҳангомро низ масире барои хуруҷ аз буҳронҳои сиёсӣ , иқтисодӣ ва амниятӣ дар ин кишвар унвон кард .
Марҷаи олиқадри шииёни Ироқ бо таъкид бар зарурати мубориза бо фасод , афзоиши короии ниҳодҳои давлатӣ ва ҳокимиятӣ , ҳифзи ҳокимияти Ироқ ва мамониат аз дахолатҳои хориҷӣ дар ин кишвар , муқобила бо тавтеаҳои душманон барои таҷзия ва ноамнӣ дар Ироқро хостор шуд .
 Жанин Ҳеннис намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Ироқ низ дар ин дидор бо баёни ин ки Оятуллоҳи Сиистонӣ аз назари Созмони милал арзиши болое дорад , гуфт , таъхир дар баргузории интихобот ва ё баргузории он бидуни фароҳам кардани ҳамаи шурути лозим , мухотироти бузургеро барои Ироқ ба дунбол хоҳад дошт .  
Намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Ироқ дар ёздаҳуми ноябри 2019 низ бо Оятуллоҳи Сиистонӣ дидор ва гуфтугӯ карда буд.

Барчасп