Оғози овоздиҳӣ дар 83 минтақаи Русия
Интихоботи остондорон ва намояндагони шуроҳои маҳаллӣ, дар 83 минтақаи Русия оғоз шуд.
Ба гузориши ИРНА , комиссияи марказии интихоботи Русия эълом кард, ки овоздиҳӣ барои интихоби 18 остондору намояндагони шӯроҳои маҳаллӣ ва низ шуморе аз намояндагони Думаи Русия, ба истиснои Санкт-Петербург ва Ҷумҳурии Кабардин Балқар, нигаҳдорӣ мешаванд. Думаи Русия ба истиснои Санкт-Петербург ва Ҷумҳурии Кабардина Балқар рӯзи якшанбе дар ҳоли баргузорӣ аст .
Бар асоси иттилооти комиссияи марказии интихоботи Русия , наздик ба 171 ҳазор номзад барои тасаддии курсиҳои шӯроҳои маҳаллӣ ва теъдоде аз курсиҳои Думаи ин кишвари сабти ном карданд, ки беш аз 162 ҳазор нафар таъйид шуданду наздик ба 8 ҳазор нафар ради салоҳият шуданд .
Ин комиссия тасреҳ кард, ки ин афрод барои тасаддии беш аз 78 ҳазор курсии шӯроҳои маҳаллӣ бо якдигар рақобат мекунанд ва интихоботи мтёндавраии Думаи Русия дар остонҳои Курск , Ярославл, Пенза ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор мешаванд.
Комиссияи марказии интихоботи Русия ба далели шуйюи ҳамагирии вируси корона дар ин кишвар дар соли 2020 тасмим гирифт интихоботи сарони манотиқ , намояндагони шӯроҳои маҳаллӣ ва Думаи Русияро дар се рӯз баргузор кунад ки овоз додан дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе ба сурат аз роҳи дур низ ҳузурӣ буд; интихоботи рӯзи якшанбе низ фақат бо ҳузур дар ҳавзаҳои ройгирӣ баргузор мешавад .
Интизор меравад овоздиҳӣ , соати 20 якшанбе ба вақти Маскав ба поён бирасад .