Бойден сиёсати худро дар қиболи Эрон ташреҳ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57435-Бойден_сиёсати_худро_дар_қиболи_Эрон_ташреҳ_кард
Номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо интиқод аз рӯйкарди Трамп дар қиболи Эрон сиёсати худро дар ин замина ташреҳ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 14, 2020 06:30 Asia/Dushanbe
  • Бойден сиёсати худро дар қиболи Эрон ташреҳ кард

Номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо интиқод аз рӯйкарди Трамп дар қиболи Эрон сиёсати худро дар ин замина ташреҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷо Бойден- номзади Ҳизби демократи Амрико якшанбешаб дар ёддоште, ки дар торнамои расмии шабакаи хабарии CNN мунташир шуд, сиёсати давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Эронро шикастхӯрда тавсиф кард ва навишт, ки Трамп бо хориҷ шудан аз БАРҶОМ дучори иштибоҳ шуда ва хилофи манофеъи Амрико гом бардошт.

Бойден афзуд: Трамп бо чунин иқдоме Амрикоро мунзавӣ карда, ба тавре, ки дар ду талоши ахири Вашингтон алайҳи Эрон барои тамдиди таҳрими таслиҳотӣ ва бозгардондани таҳримҳои байналмиллалӣ, наздиктарин муттаҳидони Амрико дар Аврупо низ ҳозир нашуданд бо он ҳамгом шуда ва алайҳи Эрон мавзеъ бигиранд.

Вай ҳамчунин навишт: Трамп бо террори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ боис шуд, ки Эрон дар иқдоме бесобиқа ба як пойгоҳи амрикоӣ ҳамла карда ва беш аз 100 неруи низомии Вашингтонро ба шиддат масдум кунад.

Номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, сипас навишт, ки дар сурати пирӯзӣ дар ин интихобот сиёсати кишварашро дар қиболи Эрон тағйир хоҳад дод.

Ба гуфтаи Бойден, сиёсати давлати эҳтимолии ӯ ингуна хоҳад буд, ки дар гоми аввал мутааҳҳид мешавад аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунад ва дар гоми дувум масири қобили эътимод барои рӯйкарди дипломатик дар муқобили Эрон хоҳад гушӯд.

Бойден ҳамчунин навишт: Агар Эрон ба пойбандии сахтгирона ба тавофуқи ҳастаӣ бозгардад, Иёлоти Муттаҳида дубора ба ин тавофуқ ба унвони нуқтаи шурӯъе барои музокироти дигар, хоҳад пайваст.

Вай ҳамчунин ваъда дод мамнуъиятеро, ки давлати Трамп барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои мусулмон аз ҷумла Эрон ба Амрико вазъ кардааст, лағв хоҳад кард.

Бойден дар айни ҳол ба унвони гоми севуми сиёсати худ дар қиболи Теҳрон гуфт, ки алайҳи фаъолиятҳои минтақаии Эрон иқдом ва амнияти режими саҳюнистиро тазмин мекунад ва аз таҳримҳои ҳадафманд барои он чи нақзи ҳуқуқи башар, ҳимоят аз терроризм ва барномаи мушакии Эрон хонд, истифода хоҳад кард.