Сентябр 14, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Силоҳи ҷадиди Россия аз бомбаи атомӣ тарсноктар аст

Расонаҳои чинӣ силоҳи ҷадиди Россияро аз бомбаи атомӣ ҳам хатарноктар арзёбӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, партали чинии Сина (Sina) менависад мушакҳои ҷадиди русии мофавқа савти шомили Авангард, Сармат ва Ярс дорои вижагиҳои барҷастаи ҷангӣ ҳастанд, ки онҳоро барои душманони билқувва бисёр хатарнок  месозад.

Мақола меафзояд: ин моделҳои мушаки ғайри ҳастаӣ бо бурди беш аз даҳ ҳазор километр Амрикоро дар вазъи ноумедкунанда қарор медиҳад. 

Нависандаи ин мақола муътақид аст: падофанди ҳавоии Амрико қодир ба раҳгирии мушаки русии Авангард нест ва ин мушак қадир аст дар 15 дақиқа ба Вашингтон бирасад. Дар ин муддат америкоиҳо ҳатто барои нӯшидани як финҷон қаҳва фурсат нахоҳанд дошт  ва фаротар аз он, қодир ба дафъи мушаки русӣ нахоҳанд буд."

Вай ин мушакро "шоҳкори армияи Россия" ва "силоҳи тарсноктар аз бомбаи ҳастаӣ" хондааст.

Суръати боло ва қудрати ин мушакҳо дар Пентагон низ таъйид шуда ва фармондеҳи шимолии нерӯи низомии Амрико дар мавриди мушаки русии мофавқа савти Авангард гуфтааст, ин мушак метавонад дар 15 дақиқа аҳдоферо дар қалб Амрико мавриди асобат қарор диҳад. 

Барчасп