Фарохони эътироз ба оддисозии робита бо Исроил дар муқобили Кохи Сафед
Шурои равобити исломӣ- амрикоӣ дар фарохоне, баргузории таҷаммӯъи эътирозӣ алайҳи тавофуқи оддисозии равобити Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроилро муқобили Кохи Сафед хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Шурои равобити исломӣ-амрикоӣ (CAIR) дар фарохоне аз мардум хост то рӯзи сешанбе бо баргузории таҷаммӯъ муқобили Кохи Сафед, мухолифати худро бо васотати Амрико дар тавофуқи оддисозии равобит байни Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил эълом кунанд.
Беш аз 50 созмони мардумии дигар ҳам ба ин фарохон пайваста ва эътилофи зидди тавофуқ ташкил додаанд.
Қарор аст имрӯз (сешанбе) вазирони хориҷаи Баҳрайн ва Аморот ва ҳамтои саҳюнистии онҳо бо ҳузур дар Кохи Сафед ва дар ҳузури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки ин рӯзҳо ба думболи фурсате барои баҳрабардории таблиғоти интихоботӣ аст тавофуқи оддисозии равобитро имзо кунанд.
Дар моҳҳои ахир раванди оддисозии равобити бархе режимҳои араби минтақа бо Исроил ташдид шуда аст.
Тавофуқи созишкоронаи Аморот ва сипас Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ, муҷиби шаклгирии вокуниши манфии густурда дар ҷаҳони ислом шудааст.