Сентябр 15, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Аворизи ваксинаи русии корона; заъфи азулонии кӯтоҳмуддат

Вазири беҳдошти Русия гуфт: Тазриқи ваксинаи русии зидди корона мавсум ба Спутник V, дар 14 дарсад аз довталабон заъф ва дарди азулонии зудгузар эҷод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Михаил Мурашко афзуд: Беш аз 300 нафар дар чорчуби озмоишҳои пас аз сабт, ваксинаи зидди корона тазриқ карданд, ки тақрибан 14 дарсади онон аз заъф ва дарди азулонӣ барои муддати як шабонарӯз шикоят карда ва теъдоди каме ҳам таб доштанд.

Мурашко таъкид кард, ки чунин аворизе қобили пешбинӣ буда ва ин ҳамон чизе аст, ки дар дастуруламали ин ваксина ҳам омадааст.

11 август Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз сабти аввалин ваксинаи ҷаҳон алайҳи вируси корона ба номи Sputnik V хабар дод, ки дар маркази Гамалия сохта шудааст.

Тавлиди ин ваксина аз 15 август оғоз шуд ва 8 сентябр Вазорати беҳдошти Русия эълом кард, ки аввалин бастаи ваксинаи sputnik V барои истифодаи умумӣ ирсол шудааст.

Дар Русия 26 навъи ваксинаи зидди корона дар 17 созмони илмӣ дар ҳоли таҳия аст.

 

Барчасп