Лукошенко: эътирозҳо дар Белорус "ҳидоятшуда" аст
Раиси Ҷумҳурии Белорус таҷаммуоти мухолифони давлатро ҳидоятшуда аз хориҷ ва маҳдуд ба рӯзҳои таътил донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон , Александр Лукошенко, ки дар аввалин сафари хориҷии худ баъд аз баргузарии интихоботии ҷанҷолӣ ба Русия рафта буд равобити ду кишварро самимона арзёбӣ кард .
Лукошенко гуфт эътирозҳои баъд аз интихобот дар кишварашро Амрико ва Аврупо ҳидоят мекунанд ва таҷаммӯҳои эътирозӣ танҳо дар охири ҳафтаҳо ва рӯзҳои таътил баргузор мешавад .
Владимири Путин низ дар ин дидор аз мувофиқати худ барои эҳдоии воми якуним миллиард долларӣ ба Минск хабар дод .
Путин хостор он шуд, ки тарафҳои Беларусӣ бидуни ҳар гуна мудохила ва фишори хориҷӣ дар шароити ором ба гуфтугӯ бо якдигар бинишинанду ба тасмими муштарак дар бораи ин ки чигуна корҳо идома биёбад , даст ёбанд .