Кашфи гӯри дастаҷамъии қурбониёни ҷингирӣ
(last modified Wed, 16 Sep 2020 06:58:55 GMT )
Сентябр 16, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯри дастаҷамъии қурбониёни ҷингирӣ

Дар Панама гӯри дастаҷамъие кашф шуда, ки гуфта мешавад ҷасадҳои дохили он мутааллиқ ба касоне аст, ки ба дасти аъзои як фирқаи мазҳабӣ, шиканҷа ва кушта шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, боқимондаҳои ин склетҳо, ки мутааллиқ ба мардумони қабилае дар шимоли ғарби Панама аст аз гӯр берун оварда шуда ва қарор аст ба зудӣ ба равишҳои илмӣ мавриди озмоиш ва баррасӣ қарор гирад.

Пештар низ дар моҳи январ низ як гӯри ҷамъии дигар шомили ҳафт ҷасад дар Панама кашф шуда буд.

Ба гуфтаи полиси Панама эҳтимол дорад як фирқаи мазҳабӣ марбут ба қабоили бумӣ, барои водоштани қурбониён «ба тавба аз гуноҳонашон» равишҳои ҷингириро рӯи қурбониён, ки як зани бордор, панҷ кӯдак ва як писари навҷавон буданд анҷом дода бошанд.

Чанд рӯз қабл полис фардеро боздошт кард, ки гуфта мешавад раҳбари «нури тозаи Худо» яъне гурӯҳе аст, ки мумкин аст бо кашфи гӯри дастаҷамъӣ дар моҳи январ муртабит бошад.

Дар моҳи январ се деҳотӣ ба полис гуфтанд аз дасти шиканҷагирони гурехтаанд, ки мехостанд бо корди говкушӣ, чӯб ва китоби муқаддас, шайтонро аз бадани онҳо хориҷ кунанд.

Фирори ин се нафар сабаб шуд 15 тани дигар, ки дар як калисо асир шуда буданд наҷот ёбанд.

Додситони умумии Панама ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ба эътиқоди масъулон, як фирқаи дигар масъули гӯри дастаҷамъии ҷадид аст.