Венесуэла як ҳавопаймои Амрикоро сарнагун кард
Венесуэла эълом кард: як фарванди ҳавопаймои амрикоиро, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуда буд, соқит кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Hispan Ти Ви , «Нестор Реверол » ( Néstor Reverol ) вазири кишвар ва додгустарии Венесуэла эълом кард : артиши ин кишвар як фарванди ҳавопаймои амрикоии ҳомили маводи мухаддирро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар марз бо Кулумбия вориди ҳарими ҳавоии Венесуэла шуда буд , сарнигун кард .
Ин ҳавопаймо, ки парчами Амрикоро бар рӯи баданаи худ дошт , пас аз иқдоми дифоии Венесуэла суқут кард .
Ин мақоми Венесуэла эълом кард : нерӯҳои низомии Венесуэла ҳамвора дар баробари истифодаи ғайриқонунӣ аз ҳарими ин кишвар дар ҳолати омода бош қарор доранд .
Равобити Вашингтон ва Каракас аз замони баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Венесуэла дар соли 2018 дучори таниш аст .
Амрико дар иқдоми мудохилаҷӯёнаи пирӯзӣ «Николас Модуро »-ро дар интихоботи ғайриқонӯнӣ эълом кард ва расман аз « Хуан Гидо » раҳбари мухолифони давлат ҳимоят кард .
Дар ин муддат Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз таҳримҳо ва чораҳои тахрибкорона, аз ҷумла тарҳрезии табаддулоти номуваффақ, дастнишондаҳои худро ба сари қудрат дар Венесуэла оварданӣ шуд.