Сентябр 16, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико дар талошҳояш алайҳи Эрон ҳамроҳе надорад

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена фазои Шӯрои мудирони МАГАТЭ-ро ҳангоми баррасии гузориши омӯзиши далелҳо дар бораи Эрон мусбат арзёбӣ кард ва илова кард, ки ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар талошҳои бемаънии ИМА даст надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , « Михаили Улянов», намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар паёми Твиттер навишт : мабоҳиси шӯрои  ҳуккоми ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъйид мекунад, ки ҳеч кас  талошҳои музҳики Амрико барои нишон додан худ ба унвони як мушорикаткунандаи худхондаи Барҷомро ҷиддӣ намегирад .Улянов дар паёми дигаре эълом кард : шӯроии ҳуккоми ожонси байналмилалии энержии атомӣ баррасии гузориши ростозмоӣ  дар Эронро бо тавваҷӯҳ ба қатъномаи 2231 Шӯроии амнияти Созмони Милали Муттаҳид оғоз карда ва лаҳни онҳо нисбат ба мавзӯ мусбат аст .Ин дипломати рус  афзуд : иттиҳодияи Аврупо ҳатто қотеътар аз қабл ҳимояти худро аз тавофуқи ҳастаӣ эълом кардааст .

Қаблан Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, дар изҳороте ба раиси Шӯрои мудирон гуфта буд, ки умедвор аст созишномаи Эрону МАГАТЭ эътимоди тарафайнро тақвият хоҳад дод.

Барчасп