Сентябр 17, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ифшои нақши генерали бознишастаи Амрико дар террори

Рӯзноманигори амрикоӣ , дар китоби худ ҷузъиётеро аз нақши генерали бознишастаи амрикоӣ дар террори фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ фош кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Боб Вудворд, рӯзноманигори саршиноси амрикоӣ, дар қисмати китобаш бо номи "Хашм" бори аввал нақши "Ҷек Кейн", собиқ муовини сардори ситоди муштараки артиш дар террори генерал Қосим Сулаймонӣ  фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ишора кардааст.

Пеш аз ин манобеи хабарӣ ба нақши Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико дар мутмаин сохтани Трамп ба куштори Сулаймонӣ ёдовар шуда буданд.

 Тибқи навиштаҳои ин китоб, Ҷек Кейн соли 2016 дар бораи иқдомоти давлати президенти пешини ИМА Ҷорҷ Буш барои муқобила бо генерал Сулаймонӣ бо Доналд Трамп сӯҳбат карда буд.

Дар ин китоб омадааст, Раиси Ҷумҳурии вақти Амрико Ҷорҷ Буш бо дархости Ҷек Кейн барои тахриби ду пойгоҳ дар Эрон, маҳалли истиқрори нерӯҳои сардор Сулаймонӣ, аз бими истеҳзо мухолифат карда буд.

Сардори сипаҳбуд Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш 3 январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд.

Сардор Сулаймонӣ, ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.

Барчасп