Куруно 150 миллион кӯдакро ба доираи фақр изофа кард
Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар гузорише эълом кард, аз замони шуюи вируси куруно дар ҷаҳон то кунун 150 миллион кӯдак ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Nas”, Созмони ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки аз оғози шуюи вируси куруно дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 дарсад ба теъдоди кӯдаконе, ки дар кишварҳои бо даромади мутавассит ва поин дар маҳрумият зиндагӣ мекунанд, афзуда шуда ва теъдоди ин кӯдакон ба якмиллиарду 200 миллион кӯдак расидааст.
ЮНИСЕФ бо ишора ба инки теъдоди кӯдакони фақир рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст, дар бораи буҳронӣ шудан авзоъ ба сурати вахимтаре дар моҳҳои оянда ҳушдор дорад.
Дар пажӯҳиши муштараки ЮНИСЕФ ва Созмони "аз кӯдакон ҳимоят кун" (Save The Children) дар моҳи майи 2020 дар бораи паёмадҳои иқтисодии буҳрони Ковид-19, ки ба фақир шудани 86 миллион кӯдаки дигар то поёни имсол мунҷар мешавад ҳушдор дода шуд.
Бар асоси ин пажӯҳиш, агар теъдоди кӯдакони маҳрум ва фақир ба нисбати соли гузашта 15 дарсад афзоиш дошта бошад, то поёни имсол ҳудуди 672 миллион кӯдаки маҳрум ва фақир дар ҷаҳон хоҳем дошт, ки аз се якҳисаи он дар кишварҳои африқоӣ ва ҷануби осиёӣ, зиндагӣ мекунанд.