Сентябр 19, 2020 16:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хушунатҳо алайҳи мӯътаризон дар Амрико

Дар фосилаи камтар аз 45 рӯз то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, полиси ин кишвар бо афзоиши хушунатҳо алайҳи мӯътаризон, шуморе аз онҳоро боздошт кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Порс, садҳо шаҳрванди амрикоӣ дар эътироз ба нотавонии давлат дар муқобила бо ҳамагирии корона дар Ню-Йорк таҷаммӯи эътирози баргузор карданд.

Полиси Ню-Йорк пас аз шиллики гази ашковар ба ин мӯътаризон, ки минтақае дар наздикии шаҳрдориро ба ишғоли худ дароварда буданд, шуморе аз онҳоро боздошт кард.

Рӯзи панҷшанбе ронандагони таксиҳои шаҳри Ню-Йорк, ки талаби бахшоиши қарзҳояшонро доштанд, бо мошинҳои худ дар болои пули Бруклин ҷамъ омада, ба вазъи бади иқтисодии худ эътироз карданд.

Амрико аз моҳи майи гузашта токунун шоҳиди тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ дар иёлотҳои мухталиф аст.

Барчасп