Печидагиҳои музокироти сулҳи Афғонистон
Музокироти сулҳи давлати Афғонистон ва Толибон қабл аз вуруд ба баҳсҳои аслии дучори ихтилофҳо ва печидагиҳои хос шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон , як ҳафта аз оғози музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон дар Дуҳаи Қатар мегузарад , аммо ҳанӯз ҳам ду тараф бар сари усӯул ва шеваи номаи музокирот ба тавофуқ нарасидаанду музокира бар сари мабоҳиси аслӣ оғоз нашудааст .
Аз сӯи дигари мавзегирӣ бархе аз музокиракунандагони ҳайати Толибон дар қиболи бархе масоил аз ҷумлаи артиши Афғонистон қабл аз музокироти рӯ дар рӯ , вокуниши тунди мақомоти давлати Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст .
Асадуллоҳи Холидӣ сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон , инҳилоли артиши Афғонистон ба дастури панҷобиҳо ( Покистон)-ро хобу хаёл хонд.
Раиси Ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ ба низомиёни афғон итминон дод, ки дар музокироти сулҳ дар бораи сарнавишти низомиёни афғонӣ муомила ва созиш нахоҳад шуд .