Сентябр 19, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Посухи Макрон ба изҳороти тунди вазири дифои Туркия

Изҳороти тунди вазири дифои Туркия хитоб ба раисҷумҳури Фаронса дар бораи танишҳо дар шарқ

 

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс  президенти Фаронса Эммануил Макрон рӯзи шанбе дар як паёми твиттериаш ба суханони тунди вазири дифои Туркия посух дод ва аз Анкара хост, ки ба дур аз "соддалавҳӣ" дар бораи танишҳо дар шарқи баҳри Миёназамин вориди гуфтугӯ шавад.

Вазири мудофиаи Туркия Ҳалуси Акар рӯзи ҷумъа ҳамзамон бо афзоиши танишҳо байни Анкара бо кишварҳои ҳавзаи шарқи баҳри Миёназамин  бар сари иктишофи нафту газ ва ҳамчунин марзҳои дарёии Туркия , дар бораи ин танишҳо ба Аврупо ҳушдор дод .
Акар дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо канали 4 телевизиони Британия гуфт : Раиси Ҷумҳурии Фаронса талош мекунад нақши Наполеон  Бонапартро бозӣ кунад, аммо барои ин кор ба андозаи кофӣ қудрат надорад .
Акар дар ин мусоҳиба аз мавозиъи Иттиҳодияи Аврупо интиқод карду гуфт : дар ҳавзаи ихтиёрот ва қудрати иттиҳодия Аврупо нест, ки марзҳо дар шарқи баҳри Миёназаминро мушаххас кунад ё барои он қонун  бигузорад .
Дар якчанд ҳафтаи  гузашта , оғози амалиёти иктишофи нафту гази Туркия дар шарқи баҳри Миёназамин танишҳоро дар ин минтақа афзоиш додааст .

Барчасп