Сентябр 20, 2020 13:56 Asia/Dushanbe
  • Се кишвари аврупоӣ мухолифи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон

Вазирони умури хориҷаи се кишвари аврупоии узви БарҶом рӯзи якшанбе дар баёнияе муштарак бо таъкид бар пойбандии худ ба иҷрои комили қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти СММ эълом карданд, ки иддаои Амрико дар хусуси бакоргирии механизми моша дар БарҶом асари қонунӣ надорад.

Ба гузориши ИРНА, дар ин баёния, ки нусхае аз он дар торномаи вазорати умури хориҷаи Англия мунташир шуда омадааст: “имрӯз мусодиф аст бо 30 рӯз пас аз онки Амрико талош кард то механизми мошаро фаъол кунад, ки бар асос он, як узви мушорикаткунанда дар БарҶом иҷоза меёбад то таҳримҳое чандҷониба алайҳи Эронро, ки дар соли 2015 ба мӯҷиби қатъномаи 2231 рафъ ва дар Шӯрои амният тасвиб шуд, баргардоанд”.

Дар ин баёнияи муштарак омадааст: “Фаронса, Олмон ва Бритониё тавофуқ доранд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар 8 майи 2018 дар пайи хурӯҷ аз БарҶом, узви ширкаткунанда дар ин тавофуқ нест, бинобар ин эъломи иддаои ин кишвар дар банди 11 қатъномаи 2231, ки байни аъзои Шӯрои амният тавзеъшуда, фоқиди асари қонунӣ аст.

Вазирони умури хориҷаи Англия, Фаронса ва Олмон таъкид карданд, ки ба иҷрои комили қатъномаи 2231, ки бар асоси он БарҶом дар соли 2015 тасвиб шуд, пойбанд буда ва барои ҳифзи ин тавофуқ ба сурати хастагинопазире талош карда ва ба иҷрои он мутааҳҳид ҳастанд.

Давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бомдоди якшанбе ба вақти Теҳрон дар иқдоме якҷониба ва бо вуҷуди мухолифатҳои байналмилалӣ, механизми бозгашти таҳримҳо алайҳи Эронро фаъол кард.

Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико дар баёнияе муддаӣ шуд, ки тақрибан тамоми таҳримҳои СММ, аз ҷумла таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон аз сар гирифта шудааст.

Вай афзуд, ин махонизм илова бар маҳдудияти таслиҳотӣ, шомили маҳдудиятҳое монанди таомул бо Эрон дар фаъолиятҳои муртабит бо ғанисозӣ ва бозфароварӣ, мамнуъияти сохт ва озмоиши мушаки баллистик ва интиқоли фанновариҳои муртабит бо ҳастаӣ ва мушакӣ ба Эрон мешавад.

 

Барчасп