Сентябр 20, 2020 17:51 Asia/Dushanbe
  • Оғози компанияи

Ҳамзамон бо афзоиши иқдомоти хиёнатомези бархе кишварҳои арабӣ мабнӣ бар ошкорсозии равобит бо режими саҳюнистӣ, аҳзоби покистонӣ аз оғози компанияи "Бароат аз Исроил" дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, теъдоде аз аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Покистон дар нишасти матбуотӣ, ки ба ҳиммати бунёди Фаластини ин кишвар баргузор шуд , ошкорсозии равобити аъроб бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд .
Дар ин нишасти матбуотӣ, ки дар маҳалли бошгоҳи хабарнигорони шаҳри Карочӣ баргузор шуд , намояндагоне аз аҳзоби ҷамоати исломӣ , Ҷамъияти Уламои  Ислом ، Маҷлиси ваҳдати мусалламин, Ҳизби мусаллами лиг , Иттиҳодияи аҳли суннати Покистон , Ҷамъияти аҳли ҳадис ва аъзои  аршади бунёди Фаластин  Покистон ширкат карданд .
Бар ҳамин  асос , ширкаткунандагон дар ин нишаст эълом карданд : мусулмонони покистонӣ ба ҳеҷ унвон  хиёнат ба ормонҳои мусулмонон ва Фаластин  тавассути Имороту Баҳрайнро напазируфта ва ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластинро вазифаи шаръӣ , ахлоқӣ ва инсонии худ медонанд .
Роҳандозии кампанияҳои зидди Исроилӣ дар фазоии маҷозӣ алайҳи аҳдофи шайтонии Амрико ва режими Исроил , дар дастури кори ин конференсия қарор дорад .

Барчасп