Оғози размоиши муштараки Русия,Эрон,Чин ва Тоҷикистон
Размоиши роҳбурдии Қафқоз-2020 бо ҳузури қисмҳои размӣ , ситодӣ ва амалиётии Русия , Эрон , Чин , Покистон , Қазоқистон ва Тоҷикистон дар минтақаи Қафқози ҷанубии Русия оғоз шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон , размоиши муштараки роҳбурдии « Қафқоз-2020 » бо ҳузури қисмҳои размӣ , ситодӣ ва амалиётии Русия , Эрон , Чин , Покистон , Қазоқистон ва Тоҷикистон дар минтақаи умумии Қафқози ҷанубии Русия аз имрӯз душанбе 21 сентябр оғоз шуд .
Дар ин размоиши роҳбурдӣ, ки чаҳор рӯз идома хоҳад ёфт , беш аз 80 ҳазор низомӣ шомили нерӯҳои ҳавоӣ , дарёӣ , заминӣ ва низ қисмҳои вижаи дифои зиддимушакӣ ва ҷанги электронӣ мушорикат доранд .
Ҷумҳурии исломии Эрон бо ду қисми вижа аз нерӯи дарёӣ ва ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳ дар ин размоиши муҳим мушорикат мекунад .
Бано бар эъломи вазорати дифои Русия илова бар кишварҳое, ки ба сурати амалиётӣ дар ин размоиш ширкат кардаанд , кишварҳои Арманистон , Шри-Ланка , Индонезия ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон низ ба унвони нозир дар размоиши « Қафқоз-2020 » мушорикат доранд .