Сентябр 21, 2020 18:31 Asia/Dushanbe
  • Созмони ҷаҳонии беҳдошт: тавлиди ваксинаи русии корона бехатар аст

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ваксинаи русии зидди корона мавсум ба Спутник 7 -ро бехатар ва муассир арзёбӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник , Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз Русия барои ваксинаи Спутник  7 алайҳи уфунати вируси корона қадрдонӣ кард .
Ҳанс Клуг намояндаи ин созмон дар дафтари минтақаии Аврупо дар баёнияе навишт : ин ваксина посухи аслии Русия ба шуюи вируси корона аст ва ману ҳамкоронам дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Женева дар бораи чигунагии мароҳили баъдии он баҳсу табодули назар хоҳем кард .
 Дар 11 август Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир  Путин  сабти аввалин ваксинаи вируси корона дар ҷаҳонро эълом кард .
Бо ин ваксина, эмгузаронии оммавии русҳо алайҳи корона дар нимаи моҳи сентябр оғоз хоҳад ёфт.
Ба мувозоти озмоишҳои пас аз сабти ин дору , озмоиши болинии ваксинаи русии дигаре, ки дар маркази Вектор таҳия шуда низ дар ҳоли анҷом аст .

Барчасп