Бойден; мақбули ҷавонони амрикоӣ барои раёсати ҷумҳурӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57694-Бойден_мақбули_ҷавонони_амрикоӣ_барои_раёсати_ҷумҳурӣ
Тибқи натиҷаҳои як назарсанҷии нав бештари ҷавонони амрикоӣ номзади демократи интихоботи 2020-и раёсати ҷумҳурии Амрикоро аз номзади ҷумҳурихоҳ афзал медонанд .
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Сентябр 22, 2020 11:06 Asia/Dushanbe
  • Бойден; мақбули ҷавонони амрикоӣ барои раёсати ҷумҳурӣ

Тибқи натиҷаҳои як назарсанҷии нав бештари ҷавонони амрикоӣ номзади демократи интихоботи 2020-и раёсати ҷумҳурии Амрикоро аз номзади ҷумҳурихоҳ афзал медонанд .

Пойгоҳи интерентии NPR ( радиои миллии Амрико ) дар гузорише навишт : Тибқи назарсанҷии муассисаи сиёсатшиносии донишкадаи Кеннеди дар донишгоҳи Гарвард, ки натоиҷи он рӯзи душанбе мунташир шуд , 60 дарсади раъйдиҳандагони эҳтимолии зери 30 соли интихоботи ноябр мегӯянд, ки ба Ҷу Бойден раъй медиҳанд ва ин дар ҳоле аст, ки 27 дарсад гуфтаанд ба Доналд Трамп раъй медиҳанд .

 Пеш аз ин низ натоиҷи назарсанҷӣ аз дигар қишрҳои Амрико аз пештозии Бойден дар муқоиса бо Трамп ҳикоят дошт .

 Ба бовари таҳлилгарони сиёсӣ корномаи заъифи Трамп дар масъалаи буҳрони корона ва амалкарди фоҷеъаборе, ки аз худ бар ҷо гузошта дар канори мавзеъгириҳои ҷанҷолии ӯ нисбат ба эътирозоти ахири зиддинажодпарастӣ дар  ин кишвар , метавонад ба осонӣ муҷиби нокомии ӯ  дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шавад .