Бойден; мақбули ҷавонони амрикоӣ барои раёсати ҷумҳурӣ
Тибқи натиҷаҳои як назарсанҷии нав бештари ҷавонони амрикоӣ номзади демократи интихоботи 2020-и раёсати ҷумҳурии Амрикоро аз номзади ҷумҳурихоҳ афзал медонанд .
Пойгоҳи интерентии NPR ( радиои миллии Амрико ) дар гузорише навишт : Тибқи назарсанҷии муассисаи сиёсатшиносии донишкадаи Кеннеди дар донишгоҳи Гарвард, ки натоиҷи он рӯзи душанбе мунташир шуд , 60 дарсади раъйдиҳандагони эҳтимолии зери 30 соли интихоботи ноябр мегӯянд, ки ба Ҷу Бойден раъй медиҳанд ва ин дар ҳоле аст, ки 27 дарсад гуфтаанд ба Доналд Трамп раъй медиҳанд .
Пеш аз ин низ натоиҷи назарсанҷӣ аз дигар қишрҳои Амрико аз пештозии Бойден дар муқоиса бо Трамп ҳикоят дошт .
Ба бовари таҳлилгарони сиёсӣ корномаи заъифи Трамп дар масъалаи буҳрони корона ва амалкарди фоҷеъаборе, ки аз худ бар ҷо гузошта дар канори мавзеъгириҳои ҷанҷолии ӯ нисбат ба эътирозоти ахири зиддинажодпарастӣ дар ин кишвар , метавонад ба осонӣ муҷиби нокомии ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шавад .