Октябр 10, 2016 15:52 Asia/Dushanbe

Бо наздик шудан ба Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ шаҳрҳои мухталифи Покистон ҳолу ҳавои Ҳусайнӣ ба худ гирифтааст.

Иродатмандон ба ҳазрати Абоабдиллоҳи Ҳусайн (а) бо барпоии маҷолиси суханронӣ, равзахонӣ ва синазанӣ ишқ ва иродати худро ба сарвару солори шаҳидон ба намоиш мегузоранд .

Ба муносибати Тосуо ва Ошӯро тадобири амниятӣ дар шаҳрҳои мухталифи Покистон афзоиш ёфтааст .

Мақомоти давлатӣ ба тамоми масъулони минтақаӣ ва иёлотӣ дастур додаанд, то барои ҳифозат аз маҷолис ва маҳофили азодорӣ ва дастаҳои синазанӣ дар айёми Муҳаррам ва ҷилавгирӣ аз ҳаргуна ҳодисаи террористӣ барои маросими азодорӣ тарҳҳои амниятӣ иҷро кунанд .