Пентагон буҷаи пизишкии худро сарфи хароҷоти низомӣ кард
(last modified Wed, 23 Sep 2020 10:40:24 GMT )
Сентябр 23, 2020 15:40 Asia/Dushanbe
  • Пентагон буҷаи пизишкии худро сарфи хароҷоти низомӣ кард

Вазорати дифои Амрико-Пентагон маблағи ҷудошуда ба манзури таҳияи таҷҳизоти пизишкӣ бо коронаро сарфи хароҷоти низомӣ кард.

Ба гузориши Вашингтон пост, Пентагон дар авҷи густариши корона тақрибан як миллиард доллар аз буҷаеро ки барои тавлиди ниқоб ва лавозими пизишкӣ ҷудо шуду буд, сарфи таҷҳизот ва муҳимоти низомӣ карда аст.

Амрико ба манзури муқобила бо шуюъи вируси корона  қонуни муроқибат дар баробари ин бемориро тасвиб кард, ки ба муҷиби он ҳар ниҳоде буҷаи ҷудогона барои ҷилавгирӣ аз беморӣ дарёфт кард . Тақсими дубораи буҷаи беҳдошти умумӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки мақомоти беҳдоштии Амрико изҳор карданд пули бештаре барои мубориза бо  корона дар ин кишвар мавриди ниёз аст.

 Ба гуфтаи Роберт Редфилд , мудири марокизи контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо , ҳадди аққал 6 миллиард доллар барои омодасозии Иёлоти муттаҳида барои ваксина кардан дар соли ояндаи 2021 мавриди ниёз аст .