Ҳамлаи лафзии шадиди Трамп ба Бойден ва хонаводаи Маккейн
Доналд Трамп дар вокуниш ба ҳимояти хонаводаи сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ аз номзади демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико , Бойденро ҳадафи ҳамлаи лафзӣ қарор дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико дар паёми тветтерӣ зимни интиқод аз Синди Маккейн-ҳамсари Ҷон Маккейн-сенатори собиқи тундрави ҷумҳӯрихоҳ , ба Ҷу Бойден-номзади ҳизби номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии соли 2020 тавҳин кард.
Трамп , Ҷу Бойденро « саги дастомӯзи Маккейн » номид.
Ҷон Маккейн-сенатори ҷумҳӯрихоҳ, ки соли 2018 фавт кард, аз мунтақидони сиёсатҳои Трамп буд .
Синди Маккейн бо интишори баёнияе зимни интиқод аз давлати Трамп эълом кард, ки хонаводаи Маккейн аз Бойден ҳимоят мекунад .
Натиҷаҳои назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки Ҷу Бойден ҳамакнун бархилофи Трамп аз ҳимояти раъйдиҳандагони сиёҳпӯст ва ҷавонону занон бархурдор аст.