Сентябр 26, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли марги ду миллион нафар бар асари куруно

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳушдор дод дар сурате, ки иқдоми ҷамъӣ сӯрат нагирад, теъдоди қурбониёни вируси куруно дар саросари ҷаҳон ба 2 миллион нафар хоҳад расид.

Ин созмони ҷаҳонӣ ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, Чин барои таҳқиқ дар бораи баррасии маншаи вируси куруно дар ин кишвар мувофиқат кунад.

Бар асоси омори сайти Worldometers, теъдоди қурбониёни вируси куруно дар саросари ҷаҳон ба беш аз 989 ҳазор нафар расида ва дар остонаи расидан ба якмиллион нафар аст.

Ҳамчунин теъдоди мубталоён ба вируси куруно дар ҷаҳон ба беш аз 32 миллиону 500 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод 24 миллионнафар беҳбудии худро бадаст овардаанд.

Амрико бо ҳудӯди 7 миллиону 200 ҳазор мубтало бештарин теъдоди мубталоён ба вируси куруноро дар ҷаҳон дорад.

Пас аз Амрико, Ҳинд бо беш аз 5 миллиону ҳаштсадҳазор ва Бразиля низ бо беш аз 4 миллиону 600 ҳазор нафар мубтало дар ҷойгоҳи дуввум ва сеюм қарор доранд.