Тардиди Халилзод дар бораи ба натиҷа расидани музокироти сулҳи Афғонистон
Намояндаи вижаи давлати Амрико дар умури Афғонистон аз ба натиҷа расидани музокирот байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон ибрози тардид кард.
Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон гуфт, Вашингтон ҳеч мавъидеро барои муваффақияти музокирот байни давлати Кобул ва Толибон таъийн накардааст.
Халилзод афзуд, гурӯҳи Толибон эҳтимолан пеш аз расидан ба тавофуқи сиёсӣ бо давлати Афғонистон ҳозир ба пазириши оташбас нахоҳад шуд.
Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон бо миёнҷигарии Амрико ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аз рӯзи шанбе 12 сентябр дар Давҳа, пойтахти Қатар ғоз шуда, аммо токунӯн натиҷае надоштааст.
Коршиносони масоили сиёсии афғон бар ин боваранд, ин музокирот тарҳи амрикоӣ аст ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар садад аст дар остонаи интихобот аз ин музокирот ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунад.