Витамини “D” хатари марг бар асари куруноро ба нисф мерасонад
(last modified Sun, 27 Sep 2020 07:57:01 GMT )
Сентябр 27, 2020 12:57 Asia/Dushanbe
  • Витамини “D” хатари марг бар асари куруноро ба нисф мерасонад

Муҳаққиқони донишгоҳи Бостон эълом карданд, масрафи витамини “D” хатари марг барои мубталоён ба Ковид-19-ро 52 дарсад коҳиш медиҳад.

Ба гузориши Daily Mail, бар асоси як пажӯҳиши ҷадид он даста аз беморони мубтало ба куруно, ки ба андозаи кофӣ витамини “D” масраф мекунанд, хатари марги онҳо нисбат ба афроде, ки аз камбуди ин витамин ранҷ мебаранд 52 дарсад камтар хоҳад буд.

Витамини “D” нақши ҳаётӣ дар тақвияти системаи эминии бадан боз мекунад ва метавонад бо илтиҳобҳои бадан мубориза кунад.

Нархи камбуди витамини “D” дар бархе аз гурӯҳҳои мушобеҳе, ки ба шиддат аз куруно осиб дидаанд низ боло аст.

Ёфтаҳо нишон медиҳад ҳудӯди 42 дарсад аз амрикоиҳо аз камбуди витамини “D” ранҷ мебаранд, ки ин мушкил бештар дар миёни рангинпӯстҳо ва афроди калонсол мушоҳида мешавад.

Ҳамчунин бар асоси ин ёфтаҳо, афроди сиёҳпӯст, афроди испониёитабор ва афроди калонсол бештарин касоне ҳастанд, ки аз вируси куруно осеб дидаанд.