Сентябр 27, 2020 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ихтори ҳамлаи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст дар сӯрати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард.

Ба гузориши ИРНА, Толибон бо интишори эъломияе ба ширкати ҳавоии “Kam Air” ихтор додааст, ки агар то як ҳафта меҳмондорони зан ҳиҷоби исломиро риоят накунанд ва даст аз ороиш бар надоранд, ҳавопаймоҳои ин ширкатро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд дод ва масъуляти баъдӣ ба дӯши мудирияти “Kam Air” хоҳад буд на Толибон.

Бар асоси ин гузориш, Толибон ҳамчунин гуфтаанд, ки меҳмондорони зан ҳақ надоранд бидун маҳрами шаръӣ вориди ҳавопаймо шаванд.

Дар эъломияи Толибон омадааст, ки тамоми ширкатҳои ҳавоӣ мукаллаф ба пайравии ин аҳком ҳастанд.

Толибон дар ҳоле ин эъломияро содир кардаанд, ки музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар мутаваққиф шуда аст ва тарафайн токунӯн ба тавофуқе даст наёфтаанд.

 

Барчасп