Кашфи далели маргбор будани корона дар бархе афрод
Олимон мегӯянд, нокифоягии интерферон метавонад боиси марги Ковид - 19 дар баъзе одамон гардад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Ал-Олам, натоиҷи охирин таҳқиқот нишон медиҳад бемороне, ки ба коронаи шадид гирифтор шудаанд модаи ҳаётӣ ба номи интерферон дар бадани худ надоранд .
Интерферонҳо молекулаҳое аз навъи прутеин ҳастанд, ки ҳуҷайраҳои мизбони олуда ба вирус озод месозад ва мӯҷиби таҳрики системаи эминӣ ва афзоиши муқовимати бадан мешаванд .
Интерферонҳо ба ҳуҷайраҳо дар баробари уфунатҳои вирусӣ муқовимат мебахшанду дар вокунишҳои эминии табии бадан ширкат доранд .
Шавоҳид нишон додааст дар бемороне, ки ба шакли шадиди Ковид - 19 мубтало шуда ва дар бемористон бистарӣ шудаанд посухи инткрферон ба вируси коронаи заиф ё ноқис буда ва ҳамин амр боиси нотавонии системаи эминии бадани онҳо дар нобудии вирус шудааст .