Октябр 01, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Шарти Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон барои таваққуфи фаъолияти низомӣ дар минтақаи Қарабоғ

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт : Дар сурати ақибнишинии Арманистон аз минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ , кишвараш фаъолияти низомӣ дар ин минтақаро мутаваққиф хоҳад кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Форс ,Илҳом Алиев-раиси ҷумҳӯрии Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни аёдат аз сарбозони осебдида дар бемористоне дар Боку гуфт : Дар сурати ақабнишинии комил ва бе қайду шарти нерӯҳои Арманистон аз минтақаи Қара‌боғ , кишвараш фаъолияти низомӣ дар ин минтақаро мутаваққиф хоҳад кард .

 Илҳом Алиев дар идомаи суҳбатҳои худ бо ишора ба инки даргириҳо ҳамчунон дар минтақаи Қара‌боғ идома дорад , афзуд : Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар ҳоли бозгардондани тамомияти сарзаминии худ аст ва кишвараш ҳаққи анҷоми ин корро дорад.

Даргирӣ аз субҳи якшанбе байни нерӯҳои артиши Арманистон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар минтақаи Қара‌боғ оғоз шуда ва то кунун шуморе аз нерӯҳои тарафҳо кушта ё захмӣ шудаанд . Ин даргириҳо ҳамчунон идома дорад.

 Муноқиша миёни ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд ва бори дигар бо мудохилоти бархе кишварҳои хориҷӣ шиддат ёфтааст.

 

Барчасп